Тангаҳои нави хотиравии БМТ

Бойгонии ахбор
29.04.2015

Тангаҳои нави хотиравии БМТ

Бонки миллии Тоҷикистон ба ифтихори “600 - солагии Абдураҳмони Ҷомӣ”- шоир, нависанда ва мутафаккири бузурги адабиёти классикии тоҷику форс, “700 - солагии Алӣ Ҳамадонӣ”- шоир ва файласуфи форсу тоҷик, “20-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, се адад танга ба ифтихори “90-солагии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе”бо тасвирҳои “Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ”, “Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон”дар маҷмуъ шаш намуд тангаҳои хотиравии арзишашон 500 сомониро, ки аз нуқраи холис сохта шудаанд, барои ҳадафҳои нумизматӣ баровард.



  






 Тангаҳои хотиравӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон бо истифодаи технологияи навину таҷрибаи пешрафтаи ин соҳа ва бо риояи стандартҳои олии сикказании тангаҳои нумизматӣ дар Сиккахонаи Майер (Олмон) сикка зада шудаанд. 

Хадамоти матбуоти 
БМТ



Возврат к списку