Ҳамкориҳои БМТ бо Бонки давлатии рушди Хитой густариш меёбанд

Бойгонии ахбор
18.05.2015

Ҳамкориҳои БМТ бо Бонки давлатии рушди Хитой густариш меёбанд

Имрӯз, 18 май дар Бонки миллии Тоҷикистон мулоқоти Раиси бонк Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати расмии Бонки давлатии рушди Хитой таҳти сарварии ноиби раиси бонки номбурда ҷаноби Сиаою Жао баргузор гардид. 


 
    Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо дар мавриди ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд ва ҷалби сармоягузориҳои дарозмуҳлат ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ табодули назар карданд. 
    Дар оғози суҳбат Ҷ.Нурмаҳмадзода меҳмононро бо вазъи феълии макроиқтисодӣ, дастовардҳо дар низоми бонкии мамлакат шинос намуд. Номбурда иброз дошт, ки айни замон дар ҷумҳурӣ барои устувории низоми бонкӣ чораҳои мушаххас андешида шуда истодаанд ва ислоҳот дар ин самт идома дорад. 
    Дар натиҷа сармояи умумии ташкилотҳои қарзӣ, пасандозҳои ҷалбшудаи аҳолӣ дар бонкҳо ва маблағҳои ҳамчун қарз ба мардум додашуда ба таври назаррас зиёд гардиданд. Дар чор моҳи аввали соли равон назар ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми содирот зиёд ва ҳачми воридот кам шудааст. Барои инкишоф додани бозори дуюмдараҷаи коғазҳои қиматнок тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодааст. 
    Раиси Бонки миллии Тоҷикистон изҳор намуд, ки Тоҷикистон бо Бонки давлатии рушди Хитой ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд дорад. Барои минбаъд боз ҳам тақвият додани муносибатҳои мавҷуда, Бонки миллии Тоҷикистон ба ҷудо намудан аз ҷониби Бонки давлатии рушди Хитой қарзи дарозмуддат барои аз тариқи ташкилотҳои қарзӣ дастгирӣ кардани соҳибкории хурду миёна, дастгирӣ кардани Тавозуни пардохт ва қурби пули миллӣ ниёз дорад. 


 
    Роҳбари ҳайати расмӣ, ноиби раиси Бонки давлатии рушди Хитой ҷаноби Сиаою Жао изҳор намуд, ки байни давлатҳои мо барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои дарозмуддат заминаҳои қавӣ гузошта шудааст. Ӯ қайд кард, ки сандуқи қарзии бонки онҳо зиёда аз 300 млрд долл. ИМА-ро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, мо метавонем ҳангоми сармоягузорӣ намудани лоиҳаҳои самаровар дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ва ҷудо намудани дигар намуди қарзҳо имтиёз пешниҳод кунем. Мақсади ташрифи мо омӯхтан ва шинос шудан бо вазъи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, омодаем тамоми пешниҳодҳои Шуморо ҳамаҷониба баррасӣ намоем, такроран таъкид намуд ҷаноби Сиаою Жао. 
    Дар поёни мулоқоти судманд ҷонибҳо мавзӯи тақвият бахшидан ба муносибатҳои дуҷониба, ҳамчунин масъалаҳои дигари мавриди назари тарафайн ибрози назар карданд. 

Хадамоти матбуоти 
БМТ

Возврат к списку