Таварруми моҳона - 0,7 фоиз

Бойгонии ахбор
19.05.2015

Таварруми моҳона - 0,7 фоиз

    Таваррум, ки яке аз нишондиҳандаи муҳими макроиқисодӣ ба шумор меравад, бино ба маълумотҳои омори расмӣ дар моҳи апрели соли равон дар сатҳи муътадил қарор дошта, 0,7 фоиз ва аз оғози сол 2,2 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ мутаносибан 0,6 фоиз ва 1,5 фоиз кам мебошад. Дар давоми 12 моҳи охир бошад, нишондиҳандаи мазкур ба 5,9 фоиз баробар шуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 0,2 фоиз паст аст. 
    Меъёри бозтамвил ҳамчун фишанги сиёсати пулию қарзӣ дар интиҳои моҳи апрели соли равон чун чанд моҳи пешин дар сатҳи 8,0 фоиз қарор дорад. 

Хадамоти матбуоти 
БМТ

Возврат к списку