Содироти мол афзун гаштааст

Бойгонии ахбор
20.05.2015

Содироти мол афзун гаштааст

    Тибқи маълумоти расмии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаҷми содироти мол дар моҳҳои январ-апрели соли равон 289,0 млн. долл. ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 9,5 млн. долл. ИМА ё 3,4 фоиз зиёд мебошад. 
    Ҳаҷми воридот бошад, дар давраи ҳисоботӣ 1030,4 млн. долл. ИМА-ро ташкил намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 273,8 млн. долл. ИМА ё 21,0 фоиз кам аст. 

Хадамоти матбуоти 
БМТ

Возврат к списку