Эълон

Бойгонии ахбор
04.06.2015

Эълон

Ба таваҷҷуҳи молрасонҳои ватанию хориҷӣ!!! 
Даъватномаи иштирок дар озмуни харид 

    Бонки миллии Тоҷикистон (минбаъд-ташкилоти харидор) суроға ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 23/2, тел:. (44) 600 32 51, суроғаи электронӣ tender@nbt.tj, довталабони салоҳиятдорро барои иштирок дар озмунҳои хариди номгӯи зерини мол, кор ва хизматрасонӣ, ки дар як давра гузаронида мешавад, даъват менамояд. 

Предмети харид

Воҳиди ченак

миқдор Сана ва вақти кушодани лифофаҳо
19/15 Харидории сузишворӣ барои автомашинаҳои хизматӣ литр 45 000,00 23.06.2015, с. 9:00
  
    1. Довталабон барои гирифтани ҳуҷҷатҳои тендерӣ ва маълумотҳои иловагӣ дар бораи тендер метавонанд ба ташкилоти харидор ба суроғаи дар боло зикргардида муроҷиат намоянд ва ё аз сомонаи (www.nbt.tj) маълумот гиранд. 
     2. Довталабоне, ки хоҳиши дар озмун иштирок карданро доранд, баъди супоридани ҳаққи бебозгашт, ҳуҷҷатҳои тендерии худро дар лифофаҳои муҳркардашуда, ба суроғаи дар боло зикршуда то вақти дар сутунӣ “Сана ва вақти кушодани лифофаҳо” муайяншуда пешниҳод намоянд. Муҳлати муқарраршуда муҳлатест, ки баъди анҷоми он аз довталабон пешниҳод қабул карда намешавад. 
    3. Лифофаҳо бо пешниҳодоти довталабон аз ҷониби комиссияи тендерӣ тибқи тартиби муқарраргардида кушода мешавад. Намояндагони довталабон ҳуқуқ доранд, ки дар раванди озмун иштирок кунанд. 

Хадамоти матбуоти 
БМТ

Возврат к списку