Масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи судманд мавриди муҳокима қарор гирифтанд

Бойгонии ахбор
08.06.2015

Масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи судманд мавриди муҳокима қарор гирифтанд

7 июни соли равон мулоқоти Раиси бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҷаноби Сай Эшен – роҳбари ҳайати намояндагӣ, Раиси Кумитаи ҳидояткунандаи Созмони Ҷануб-Ҷануб оид ба масъалаҳои рушди устувор ва ҳамзамон Раиси Маркази молиявии Ҷануб-Ҷануби Ҷумҳурии халқии Хитой барои кишварҳои Осиё ва ҳавзаи Уқёнуси Ором, ки ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” 2005-2015 ба Душанбе ташриф овардааст, баргузор гардид. 

 
    
   Дар мулоқоти номбурда роҳбарони ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ иштирок намуданд ва фикру андешаҳои худро оид ба густариш додани ҳамкориҳои судманд бо бонкҳои кишвари дуст иброз доштанд. 
    Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар ҷараёни суҳбат изҳор намуд, ки қадамҳои аввалини ҳамкориҳои дуҷонибаи ояндадору судманд бо бонкҳои Хитой гузошта шудаанд ва барои таҳкими онҳо мо пешниҳодҳои зиёд дорем. Аз ҷумла, мо дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои қарзии мамлакат омода ҳастем усулҳои ҳаллу фасли ба роҳ мондани ҳисоббаробаркуниҳои дуҷониба бо сомонӣ ва юанро, ки ба рушди иқтисоди ҳарду кишвар мусоидат хоҳад кард, баррасӣ ва амалӣ намоем. 

 

    Ҷаноби Сай Эшен дар навбати худ аз пешниҳодҳои бонкдорони тоҷик истиқбол намуда, қайд кард, ки ҳайати намояндагии меҳмонон низ омодаанд муносибатҳои молиявию бонкиро бо ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон бештар густариш диҳанд ва дар мулоқотҳои минбаъда масъалаҳои ҳамкориҳои мушаххасро баррасӣ намоянд. 

Хадамоти матбуоти 
БМТ

Возврат к списку