Ба масъалаҳои назорат ва баҳисобгирии амалиёти асъорӣ аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад

Бойгонии ахбор
10.06.2015

Ба масъалаҳои назорат ва баҳисобгирии амалиёти асъорӣ аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад

Масъалаҳои назорат, баҳисобгирии амалиёти асъорӣ, интиқоли маблағҳои пулӣ ва ҷанбаҳои дигари фаъолияти низоми бонкӣ дар машварате, ки роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон 8 июни соли равон бо роҳбарони ташкилотҳои қарзӣ баргузор намуд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 

 

    Дар рафти машварат Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода диққати ҳозиринро ба яке аз масъалаҳои муҳим ва ҳалталаби низоми бонкӣ – таъмини назорат ва санҷиши баҳисобгирии пурра ва воқейи амалиёти асъорӣ ва интиқоли маблағҳо ҷалб намуда, изҳор кард, ки дар якҷоягӣ бо Прокуратураи генералӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати пешгирӣ кардани қонунвайронкуниҳо дар ин самт чорабиниҳои дахлдор андешида шуда истодаанд. 
    Ҳамчунин дар ҷаласа зимни суханронӣ ва муҳокимарониҳо оид ба масъалаи муттаҳид намудани нуқтаҳои мубодилаи асъор ва нуқтаҳои интиқоли маблағҳо, анҷом додани амалиёти мубодилаи асъор ва интиқоли маблағҳо танҳо тавассути ташкилотҳои қарзӣ(филиал ва марказҳои хизматрасонии онҳо), пайваст кардани низоми амалиётии ташкилотҳои қарзӣ ба низоми дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон, рушди бозори байнибонкии асъор, таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон фикру андешаҳои ҷолиб иброз гардиданд. 

 

    Роҳбарони бонкҳои ҷумҳурӣ дар навбати худ пешниҳоди Бонки миллиро дар самт дастгирӣ намуда, қайд карданд, ки дар рӯзҳои наздик хулоса ва пешниҳодоти худро манзур медоранд. 

Хадамоти матбуоти 
БМТ

Возврат к списку