Ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё дар шаҳри Хуҷанд оғоз ёфт

Бойгонии ахбор
16.06.2015

Ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё дар шаҳри Хуҷанд оғоз ёфт

  Имрӯз, 16 июни соли равон дар ш.Хуҷанд ҷаласаи 32 Шӯрои роҳбарони бонкҳои марказии (миллии) давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Аврупою Осиё (АврОсиё) кори худро оғоз намуд. 
   Дар кори он роҳбарони бонкҳои марказии Белорусия, Федератсияи Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон, сарвари Бонки байнидавлатӣ, намояндагони Бонки рушди Аврупою Осиё, Котиботи кумитаи ҳамгироӣ ва намояндагони комиссияҳои доимии давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё ширкат меварзанд. 
    Дар назар аст, ки дар ҷаласаи номбурда рафти иҷрои қарорҳои ҷаласаи 31 Шӯрои мазкур, чораҳо оид ба дастгирии бахши бонкӣ ва таъмини устувории молиявии давлатҳои аъзои иттиҳод, натиҷаҳои таҳлили умумии пардохтҳои асъории марбут ба гардиши мол, таҳлили қурбҳои асъори миллӣ ва тағйирёбии онҳо ва масъалаҳои дигари муҳими бонкӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд. 
    Ҷаласаи номбурда тибқи барномаи тасдиқшуда ду рӯз идома ёфта, бо ба имзо расонидани Пайнавишти Ҷаласаи 32 Шӯрои роҳбарони бонкҳои марказии (миллии) давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Аврупою Осиё анҷом меёбад. 

Хадамоти матбуоти 
БМТ

Возврат к списку