Таваррум дар сатҳи муътадил қарор дорад

Бойгонии ахбор
23.06.2015

Таваррум дар сатҳи муътадил қарор дорад

   Тибқи маълумотҳои омори расмӣ таваррум - яке аз нишондиҳандаҳои муҳими макроиқтисодӣ, дар моҳи майи соли равон муътадилии худро нигоҳ дошта, 0,3 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,3 фоиз кам мебошад. Дар зарфи панҷ моҳи соли равон бошад, он ба 2,6 фоиз баробар шуд ва дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ 1,69 фоиз паст аст. 
    Нишондиҳандаи мазкур дар зарфи 12 моҳи охир ба 5,5 фоиз баробар шуда, назар ба ҳамин давраи соли гузашта 1,1 фоиз кам мебошад. 
    Дар охири моҳи майи соли ҷорӣ меъёри бозтамвил, ки яке аз фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ ба шумор меравад, бе тағйир дар сатҳи 8,0 фоиз қарор дорад. 

Хадамоти матбуоти 
БМТ

Возврат к списку