Ҷалби пасандозҳои шахсони воқеӣ бештар гаштааст

Бойгонии ахбор
24.06.2015

Ҷалби пасандозҳои шахсони воқеӣ бештар гаштааст

     Тавре аз маълумотҳои ҷамъбастӣ бармеояд, бақияи пасандозҳо дар ташкилотҳои қарзии мамлакат дар интиҳои моҳи майи соли ҷорӣ раванди устувори зиёдшавиро идома дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 32,8 фоиз афзуд. 
     Агар таркиби бақияи ҳаҷми пасандозҳоро ҳамаҷониба ва ба таври дақиқ таҳлил намоем, маълум мегардад, ки дар панҷ моҳи соли равон 36,2 фоиз ё 2 800,0 млн. сомониро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 63,8 фоиз ё 4 930,5 млн. сомониро пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил медиҳанд. Нишондиҳандаҳои номбурда аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар ин давра ҷалби маблағҳои шахсони воқеӣ нисбат ба маблағҳои шахсони ҳуқуқӣ бештар гардидааст. 
    Дар моҳҳои январ-майи соли равон фоизи миёнавазни пасандозҳо бо пули миллӣ 15,74 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 11,81фоизи солонаро ташкил намуданд. 

Хадамоти матбуоти 
БМТ

Возврат к списку