Ба ТАҚХ “Ҳамдастӣ” ва “Молия ва Сармоя” ҳуқуқи иҷрои амалиёти бонкӣ манъ карда шуд

Бойгонии ахбор
26.06.2015

Ба ТАҚХ “Ҳамдастӣ” ва “Молия ва Сармоя” ҳуқуқи иҷрои амалиёти бонкӣ манъ карда шуд

  Бо Қарорҳои навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 25 июни соли равон бинобар сабаби аз ҷониби Ташкилотҳои амонатии қарзии хурд “Ҳамдастӣ” ва “Молия ва Сармоя” риоя нагардидани талаботҳои қонунгузории бонкӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ба онҳо ҳуқуқи иҷрои амалиётҳои ҷалби амонат ва пасандозҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, додани қарзи хурд (бо таъмин ва бе таъмин) ба муҳлати 1 сол манъ карда шуд.

     Тибқи қарори номбурда ТАҚХ “Ҳамдастӣ” ва ТАҚХ “Молия ва Сармоя” вазифадор карда шудаанд, ки ҷиҳати беҳтар кардани ҳолати молиявии ҷамъият, иҷрои уҳдадории хеш дар назди амонатгузорон дар муҳлати на дертар аз 15 рӯз баъд аз қабули қарори мазкур нақшаи чорабиниҳоро таҳия карда, ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

Хадамоти матбуоти

БМТ


Возврат к списку