Бо мақсади ба танзим овардани сохтор, шумораи воҳидҳои хизматчиёни Бонки миллии Тоҷикистон ва баланд бардоштани фаъолияти самараноки он, Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии худ, ки 25 июни соли равон баргузор гардид, сохтори нави Дастгоҳи марказии Бонки миллии Тоҷикистон ва шуъбаҳои минтақавии онро баррасӣ ва тасдиқ намуд.
Қайд кардан зарур аст, ки ҳангоми таҳияи сохтори нави Бонки миллии Тоҷикистон принсипҳое ба инобат гирифта шудаанд, ки дар таҷрибаи байналмилалӣ ба таври васеъ истифода мешаванд. Аз ҷумла, принсипҳои зерин аз қабили, ба санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқии амалкунанда мутобиқ будани сохтори бонк, оптималӣ ва камшумор будани воҳидҳои корӣ, идорашаванда ва фаъолияти самаранок доштани сохтори бонк, маҳдуд намудани бархӯрдории манфиатҳо, роҳ надодан ба такроршавии вазифаҳо, пешгирӣ намудани ҳолатҳои коррупсионӣ тавассути баланд бардоштани масъулият ва таъминоти моддӣ ва иҷтимоии кормандон ва муайян намудани музди меҳнати кормандон аз рӯйи фаъолияти онҳоро номбар кардан мумкин аст.
Дар натиҷаи гузаронидани дигаргуниҳои сохторӣ шумораи воҳидҳои хизматчиёни Дастгоҳи марказии Бонки миллии Тоҷикистон ба миқдори 130 воҳиди корӣ ва шӯъбаҳои минтақавии он ба миқдори 67 воҳиди корӣ, дар маҷмуъ 197 воҳиди корӣ ихтисор карда мешаванд.
Илова бар ин, тамоми кормандони бонк бояд аз Комиссияи санҷиши тахассусӣ гузашта, сатҳи баланди дониш ва малакаи касбии худро бори дигар тасдиқ намоянд.
Сохтори нав ва таҷдидгардидаи Бонки миллии Тоҷикистон 1 сентябри соли равон бо 31 адад воҳиди сохторӣ, бо 492 воҳиди корӣ дар Дастгоҳи марказӣ ва 306 воҳиди корӣ дар Шуъбаҳои минтақавӣ ба кор шуруъ мекунад.
Ҳамчунин қайд намудан бамаврид аст, баъд аз ин, сохторҳои ёрирасони Бонки миллии Тоҷикистон низ мавриди таҷдиди сохтор қарор хоҳанд гирифт.
Хадамоти матбуоти
БМТ