БМТ ҳуқуқи ТАҚХ “Матин”-ро барои интиқоли маблағҳои пулӣ бо фармоиши муштариён ба муҳлати як сол манъ кард

Бойгонии ахбор
10.07.2015

БМТ ҳуқуқи ТАҚХ “Матин”-ро барои интиқоли маблағҳои пулӣ бо фармоиши муштариён ба муҳлати як сол манъ кард

    Бинобар сабаби риоя накардани талаботи қонунгузории бонкии ҷумҳурӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, такрор ба такрор роҳ додан ба камбудиҳо дар самти бе кушодани суратҳисоби бонкӣ интиқол додани маблағҳои асъори хориҷии нақд ба хориҷи кишвар, бо Қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 10 июли соли равон ба ҶДММ ТАҚХ “Матин” ҳуқуқи иҷрои амалиёти интиқоли маблағҳои пулӣ бо фармоиши муштариён ба муҳлати 1 сол манъ карда шуд.

Хадамоти матбуоти 
БМТ

Возврат к списку