Дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ каме боло рафтани қурби ғайрирасмии долл. ИМА ба мушоҳида расид

Бойгонии ахбор
10.07.2015

Дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ каме боло рафтани қурби ғайрирасмии долл. ИМА ба мушоҳида расид

     Дар давоми ҳафтаи равон қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ, бетағйир, дар ҳудуди то 6,5200-6,5400 сомонӣ муқаррар шуда бошад ҳам, рӯзҳои охир дар баъзе минтақаҳо аз ин ҳудуд каме боло рафтани қурби ғайрирасмӣ ба мушоҳида расид. 
    Ҳолати мазкур, асосан аз ҳисоби афзоиши талабот ба долл. ИМА-и нақдӣ, бинобар паст шудани қурби рубли русӣ нисбати долл. ИМА ва сомонӣ ба вуқуъ пайваста, раванди кутоҳмуддат аст. Ҳафтаи оянда зиёд шудани пешниҳоди асъори нақд (долл. ИМА) бинобар фарорасии Иди Рамазон ва вобаста ба муътадил шудани қурби рубли русӣ, баргаштани қурби воқеъӣ ба ҳудудҳои муқарраршуда дар назар аст. 
    Айни замон, қурби миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро каме паст шуда, мувофиқан 0,1140-0,1165 сомонӣ ба як рубли русӣ, ва 7,1650-7,2010 сомонӣ ба як евро баробар шуд. 

Хадамоти матбуоти 
БМТ

Возврат к списку