Ҷаласаи навбатии Гуруҳи кории байниидоравӣ баргузор гардид

Бойгонии ахбор
15.07.2015

Ҷаласаи навбатии Гуруҳи кории байниидоравӣ баргузор гардид

Имрӯз, 15 июли соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Гуруҳи кории байниидоравӣ оид ба масъалаи баррасии ҷамъоварии пардохтҳо ба фоидаи таҳвилгарони хизматрасониҳо доир гардид. 
    Дар кори ҷаласа, ки ба муҳокимаи пешниҳодҳо вобаста ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ бахшида шуда буд, намояндагони Вазоратҳои молия, адлия, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи андоз, , Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Хадамоти гумрук, Хадамоти алоқа, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, ширкати“Барқи Тоҷик”, Бонки миллии Тоҷикистон, БДА “Амонатбонк”, КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” ва ширкати “Тезпардохт” иштирок варзиданд. 

 
    Дар ҷараёни баррасии масъалаи боло иштирокдорони ҷаласа иброз доштанд, ки барои ҳарчи зудтар дар амал татбиқ намудани хизматрасониҳои вобаста ба низоми нави пардохт зарурияти ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015” ба миён омадааст.
    Аъзои Гуруҳи корӣ ҳамзамон пешниҳодҳои дигари намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳуриро оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи боҷи давлатӣ” ва ғайра мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор доданд. 

Хадамоти матбуоти 
БМТ

Возврат к списку