Дар муомилоти ҷумҳурӣ маблағи 31,2 млн. сомонӣ тангаҳои филизӣ мавҷуд аст

Бойгонии ахбор
24.07.2015

Дар муомилоти ҷумҳурӣ маблағи 31,2 млн. сомонӣ тангаҳои филизӣ мавҷуд аст

23 июли соли равон дар барномаи “Сабоҳ”-и телевизиони “Сафина зимни посух ба суоли хабарнигор, ки чаро ронандагони автобусҳои хурди хатсайри №5 хангоми хизматрасонӣ ба мусофирон бақияпулӣ намедиҳанд, роҳбари ҶДММ “Автотранс” Фаридун Бобоев қазияи мазкурро дар норасоии тангаҳои филизӣ, бахусус 20 дирамӣ марбут донист.
    Тавре номбурда дар мусоҳибаи худ изҳор намуд, ташкилотҳои қарзӣ ва бонкҳо онҳоро бо тангаҳои филизӣ сари вақт таъмин намесозанд, аз ин рӯ мушкилоти баргардонидани бақия ба мусофирон пеш меояд. Масъулини Бонки миллии Тоҷикистон масъалаи мазкурро сари вақт мавриди баррасӣ қарор дода, ташкилоти қарзиеро, ки корхонаи мазкур дар он суратҳисоби бонкӣ дорад, вазифадор намуданд, то дар кутоҳтарин муҳлат ҶДММ “Автотранс”-ро бо тангаҳои филизӣ таъмин намоянд. Ва ин масъала ба таври мусбат ҳал шуд.
     Ёдовар мешавем, ки дар банди сеюми Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 2001 “Дар бораи ба муомилот баровардани тангаҳои филизӣ” омадааст: ““Муассисаҳои савдо, нақлиёт ва корхонаҳои дигар, ки ба аҳолӣ хизмат мерасонанд, баҳри фароҳам овардани шароити мусоид ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ барои хизматрасонӣ тангаҳоро ба миқдори зарурӣ захира намоянд”.
    Дар робита ба ин, бо қарорҳои марбутаи Бонки миллии Тоҷикистон тангаҳои соли бароришашон 2001, 2006 ва 2011 бо арзиши (1,3,5 сомонӣ ва 1,2,5,10,20,50 дирам), ки ба муомилот бароварда шудаанд, баробар гардиш менамоянд ва дар ҳаҷму номиналҳои зарурӣ мавҷуд мебошанд, Барои бароварда сохтани талаботи идораю корхонаҳо ва муассисаҳои савдою аҳолӣ ба тангаҳои филизӣ ташкилотҳои қарзӣ метавонанд бо пешниҳоди дархост аз Бонки миллии Тоҷикистон ба қадри зарурӣ ва саривақт дастрас намоянд. Дар ин масъала ягон мушкилот вуҷуд надорад.
    Қайд кардан бамаврид аст, ки дар айни замон дар муомилоти ҷумҳурӣ маблағи 31,2 млн. сомонӣ тангаҳои филизӣ дар гардиш қарор доранд.
    Дар интиҳо бори дигар ёдовар мешавем, ки барои рафъи камбудиҳои низоми бонкии мамлакат дар Бонки миллии Тоҷикистон телефони боварӣ фаъолият менамояд. Аз ин рӯ, баробари рӯ ба рӯ шудан бо мушкилот ва нофаҳмиҳо дар ин бахш шаҳрвандон метавонанд бо рақами (+992) 44-600-15-20 дар тамос шуда, ба суоли худ посухҳои мушаххас бигиранд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку