Дар Конфронси навбатие, ки 30 июли соли ҷорӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарони Департаментҳои бонк, намояндагони ташкилотҳои қарзии мамлакат ва Ширкати Thomson Reuters барпо гашт, дурнамои ҷорӣ намудани майдони ягонаи савдо барои гузаронидани амалиётҳои пуливу қарзии Бонки миллии Тоҷикистон, мукаммал сохтани воситаҳои пулӣ, савдои коғазҳои қимматнок, анҷомдиҳии амалиётҳои асъорӣ дар бозори байнибонкӣ, инчунин шарҳи амалӣ намудани майдони зикршуда, муҳокима шуданд.
Инчунин, дар ҷараёни конфронс намояндагони Ширкати Thomson Reuters маҳсулотҳои худро оид ба низоми барномавӣ муаррифӣ намуданд
Қайд кардан бамаврид аст, ки низоми Thomson Reuters яке аз низомҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ба шумор рафта, иштирокдорони касбии бозори молиявиро бо маълумот таъмин менамояд. Низоми мазкур ба иштирокчиёни майдони савдо имконият медиҳад, ки ба воситаи шабакаи он ба навигариҳо, нархҳо ва хабарҳои зарурӣ дастрасӣ дошта бошанд. Бинобар ин, аксарияти бонкҳои марказӣ, бонкҳои тиҷоратӣ ва ширкатҳои молиявии ҷаҳон аз хизматрасониҳои Thomson Reuters ба таври васеъ истифода мебаранд.
Хадамоти матбуоти
БМТ