Дирӯз, 25 августи соли равон дар доираи сафари ҳайати намояндагони Бонки рушди Осиё ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 17 то 28 август идома меёбад, дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Гуруҳи корӣ дар самти гузаронидани баҳодиҳии хавфи миллӣ, ки аз ҳисоби кормандони вазорату идораҳои дахлдор ташкил карда шудааст, баргузор гардид.
Дар рафти ҷаласа масъалаҳои омода намудани лоиҳаи ҳисобот оиди хавфи миллӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, ҳамкориҳои мутақобилаи судманди байналмилалӣ ва байниидоравӣ дар марҳилаи ҷамъоварии маълумот дар ин соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки ҳадафи ташрифи ҳайати намояндагони Бонки рушди Осиё ба Ҷумҳурии Тоҷикистон идомаи Барномаи кумаки техникӣ дар самти “Пурзӯр намудани тартиби мубориза дар самти қонунигардонии даромадҳо” мебошад, ки 22 ноябри соли 2013 аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки рушди Осиё ба имзо расидааст.
Яке аз мақсадҳои Барномаи мазкур, ин кам намудани сатҳи хавф, пурзӯр намудани низоми мубориза бо қонунигардонии маблағҳо ва сазовор гардидан ба баҳои мусбии ФАТФ мебошад.
Хадамоти матбуоти
БМТ