Ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият дода мешавад

Бойгонии ахбор
26.08.2015

Ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият дода мешавад

Имрӯз, 26 августи соли равон вохӯрӣ ва мулоқоти муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Умед Латифов бо роҳбари намояндагии доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Патрисия Виверс-Картер, иқтисодчиёни Бонки ҷаҳонӣ хонум Марина Баканова ва Равшан Собирзода баргузор гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла воқеаҳои охири иқтисодӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ: назаре ба масъалаҳои умумииқтисодӣ ва хавфҳо барои Тоҷикистон, сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ, рушди бахши молиявӣ ва ҳолати татбиқи пешниҳодҳои Барномаи баҳодиҳии бахши молиявӣ барои соли 2015, пешниҳоди кӯмаки техникӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Намояндагони Бонки ҷаҳонӣ нисбати масъалаҳои баррасишуда, бахусус дар мавриди сатҳи ҳамкориҳо бо Бонки миллии Тоҷикистон қаноатмандӣ изҳор намуданд. Аз ҷумла, намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ қайд намуд, ки масъалаи расонидани кӯмаки техникӣ барои беҳтар кардани инфрасохтори Бонки миллии Тоҷикистон ҳаллу фасл карда мешавад.

Хадамоти матбуоти  
БМТ



Возврат к списку