Дар мулоқоти муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Умед Латифов бо намояндагони Бонки ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JBIC), Корпоратсияи NEC (Ҷопон) дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз, OGAWA Seiki Co., LTD (Ҷопон) дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ва INVERSON TECHNOLOGIES SA (Швейтсария) дар Тоҷикистон, ки 26 августи соли равон баргузор гардид, масъалаҳо оид ба маблағгузории лоиҳаҳои вобаста ба сохтмон ва таҷдиди инфрасохторҳои Тоҷикистон бо ҷалби грантҳо, қарзҳои дарозмуддат ва сармоягузории Бонки давлатии Ҷопон ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Намояндаи Ширкати NEC Ҷопон дар ҷараёни вохӯрӣ иброз дошт, ки минбаъд бо мақсади маблағгузорӣ намудани лоиҳаҳо дар Тоҷикистон ният доранд ҳамкориҳои дуҷонибаи судмандро миёни Бонки ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JBIC) ва низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Бонки миллии Тоҷикистон ба роҳ монанд.
Ёдовар мешавем, ки Бонки ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон моҳи октябри соли 1999 дар асоси якҷояшавии Бонки содиротию воридотии Ҷопон (Эксимбанк) ва Хазинаи байналмилалии ҳамкориҳои иқтисодӣ ташкил шуда, муассисаи молиявӣ ба шумор меравад ва ба Ҳукумати Ҷопон тааллуқ дорад.
Ширкати NEC бошад, яке аз бузургтарин ширкатҳои дунё маҳсуб ёфта, ба истеҳсоли асбобҳои электронӣ, таҷҳизоти компютерӣ ва телекоммуникатсионӣ машғул мебошад. Гардиши солонаи ширкати мазкур дар як сол 50 миллиард доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Хадамоти матбуоти
БМТ