Тағйир ёфтани қурби рубли русӣ қурби бозории долл. ИМА-ро паст кард

Бойгонии ахбор
28.08.2015

Тағйир ёфтани қурби рубли русӣ қурби бозории долл. ИМА-ро паст кард

Дар охири ҳафтаи ҷорӣ қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ дар ҳудуди то 6,5600-6,5800 сомонӣ муқаррар карда шуда бошад ҳам, қурби он дар бозор бинобар давом ёфтани пастравии қурби нақдии рубли русӣ, тамоили болоравиро нигоҳ дошта, ба ҳисоби миёна 6,8160-6,8340 сомонӣ ба 1 долл. ИМА баробар шуда буд.

Бо тағйир ёфтани қурби рубли русӣ қурби бозории долл. ИМА низ паст шуда, имрӯз 6,7300-6,7500 сомонӣ 1 долл. ИМА-ро ташкил медиҳад.

Дар айни замон қурби миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ тағйир ёфта, 0,1021-0,1031 сомонӣ ба 1 рубли русӣ ва қурби евро бошад, 7,4880-7,5200 сомонӣ ба як евро баробар шудааст.

Хадамоти матбуоти  
БМТ



Возврат к списку