Ташрифи раиси Бонки мардумии Хитой ба Душанбе

Бойгонии ахбор
28.08.2015

Ташрифи раиси Бонки мардумии Хитой ба Душанбе

Тибқи нақшаи тасдиқшуда, аз 30 август то 2 сентябри соли равон ташрифи ҳайати гурӯҳи кории Бонки мардумии Хитой ба шаҳри Душанбе дар назар дошта шудааст. Ҳангоми ташрифи ҳайати гуруҳи корӣ тасмим гирифтааст, ки бо намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон механизми ба роҳ мондани амалиёти СВОП (яъне табдил додани як асъор ба асъори дигар)-ро баррасӣ намояд.

Илова бар ин, Гурӯҳи кории Бонки мардумии Хитой бо мақсади рушди ҳамкориҳои судманд бо низоми бонкии кишвар бо роҳбарони бонкҳои тиҷоратии кишвар вохӯрию мулоқотҳо анҷом хоҳад дод. Ҳамчунин, бо фаъолият ва дастовардҳои меҳнатии ширкатҳои истеҳсолии ватанӣ ва хитой дар Тоҷикистон аз наздик ошно мешаванд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки рӯзҳои 2 - 4 сентябри соли ҷорӣ ҳайати расмии Бонки мардумии Хитой таҳти роҳбарии Раиси Бонки мазкур - ҷаноби Жоу Сиаочуан ба Душанбе меояд. Дар ҷаҳорҷӯбаи сафари расмии раиси Бонки мардумии Хитой дар назар аст, ки Созишномаи СВОП байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки мардумии Хитой ба имзо расонида мешавад.

Ташрифи раиси Бонки мардумии Хитой ҷаноби Жоу Сиаочуан, ки иқтисоди кишвари он аз лиҳози бузургӣ дар ҷаҳон ҷойи дуюмро ишғол менамояд, аз муносибати дӯстонаи кишвари ҳамсоя ва ҳусни таваҷҷуҳи он ба Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.

Хадамоти матбуоти  
БМТ



Возврат к списку