Мулоқот бо Гуруҳи кории Бонки мардумии Хитой

Бойгонии ахбор
31.08.2015

Мулоқот бо Гуруҳи кории Бонки мардумии Хитой

Тавре хабар дода будем, дирӯз, 30 августи соли равон Гуруҳи кории Бонки мардумии Хитой барои анҷом додани як қатор машварату мулоқотҳо бо намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон, бонкҳои тиҷоратӣ ва ширкатҳои истеҳсолии чинӣ дар ҷумҳурӣ ҷиҳати ба роҳ мондани муносибатҳои дуҷонибаи судманд ба Душанбе омаданд.

Имрӯз, 31 август мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ва муовини раиси бонк Умед Латифов бо Гуруҳи кории Бонки мардумии Хитой таҳти роҳбарии Губернатори бонки номбурда дар вилояти Шинҷон ҷаноби Ҷуо Ҷианвей баргузор гардид.

Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон зимни вохӯрӣ меҳмононро бо вазъи феълии низоми бонкии ҷумҳурӣ ва дастовардҳои ахири он бо овардани рақамҳои мушаххас ошно намуданд.

Ҳамчунин иброз гардид, ки рушди ҳамкорӣ бо Бонки мардумии Чин дар самти мубодилаи асъорҳои миллӣ аз ҷониби ҳарду бонкҳои марказӣ барои беҳтар кардани муносибатҳои дуҷонибаи судманди тарафҳо мусоидат хоҳад кард.

Хадамоти матбуоти  
БМТ



Возврат к списку