Афзоиши муътадили маблағҳои қарзӣ дар панҷ моҳи соли 2015 идома дорад. Тавре аз маълумотҳоии омори бонкӣ бармеояд, дар моҳи июли соли ҷорӣ бақияи умумии қарзҳо 10 979 млн. сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24,0 фоиз афзуд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ин давра раванди афзоиши қарзҳои дарозмуҳлат ҳамчунин идома ёфта, 55,3 фоиз (6 067,6 млн. сомонӣ) - ро қарзҳои дарозмуҳлат ва 44,7 фоиз (4 911,1 млн. сомонӣ) –ро қарзҳои кутоҳмуддат ташкил доданд
Фоизҳои миёнавазни қарзҳо дар муддат бо пули миллӣ ба 23,64 фоиз ва бо асъори хориҷӣ ба 21,66 фоизи солона баробар шуданд.
Ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда дар моҳҳои январ-июли соли равон 3 348,0 млн. сомониро ташкил дод. Аз ин маблағ 598,9 млн. сомонӣ ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон қарзҳои хурд дода шудаанд.
Хадамоти матбуоти
БМТ