Дар давоми ҳафтаи гузашта қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ, дар ҳудуди то 6,5600-6,5800 сомонӣ муқаррар шуда буд, қурби бозории он бошад, муътадил боқӣ монда, ба ҳисоби миёна 6,7980-6,8078 сомонӣ ба 1 долл. ИМА –ро ташкил намуд.
Рӯзи шанбе, 5 сентябри соли ҷорӣ қурби сомонӣ дар бозор каме коҳиш ёфта, қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА 6,8333-6,8467 сомонӣ ба 1 долл. ИМА баробар шуд.
Айни замон, қурбҳои миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ паст ва бо евро каме баланд шуда, мувофиқан 0,0989-0,0998 сомонӣ ба 1 рубли русӣ ва 7,4311-7,4700 сомонӣ ба 1 евро баробар шуданд.
Хадамоти матбуоти
БМТ