БМТ мутахассисонро ба озмуни вазифаҳои холӣ даъват менамояд

Бойгонии ахбор
08.09.2015

БМТ мутахассисонро ба озмуни вазифаҳои холӣ даъват менамояд

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

барои ишғоли вазифаҳои холии зерин

О З М У Н

ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:

I

Мутахассиси пешбари Идораи омор ва тавозуни пардохт

Тафтишгари Департаменти аудити дохилӣ

Мутахассиси Департаменти назорати бонкӣ

Мутахассиси Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор

Мутахассиси Идораи ҳисобдорӣ

Мутахассиси Идораи амалиёт дар бозори озод

Мутахассиси Идораи низоми пардохт

Мутахассиси Шуъбаи ҳуқуқ

Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олии иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ;
  • малакаи кор дар компютер – касбӣ;
  • донистани забони давлатӣ (тоҷикӣ), русӣ ҳатмӣ; донистани забони англисӣ бартарият дорад;
  • донистани фаъолияти низомҳои пардохт;
  • доштани таҷрибаи корӣ дар низоми бонкӣ афзалиятнок аст;
  • таҷрибаи корӣ на камтар аз 3 сол;
  • барои шахсоне, ки нав мактабҳои олиро хатм кардаанд, доштани баҳоҳои хубу аъло ҳатмист.

II

а) мутахассиси шуъбаи маъмурияти низомҳои иттилоотии Департаменти технологияи иттилоотӣ

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии техникӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ (IT);
  • донистани забони барномасозии Oracle PL/SQL;
  • таҷрибаи корӣ оид ба насб ва маъмурии Oracle Application Server;
  • таҷрибаи кории 3-сола оид ба насб ва маъмурии серверҳои пойгоҳи маълумоти Oracle Database дар заминаи Linux ва Windows;
  • таҷрибаи барномасозӣ ва татбиқи web-сервисҳо дар заминаи Oracle;
  • донистани забони тоҷикӣ ва русӣ;

Афзалиятнок ҳисобида мешавад:

  • доштани сертификати DBA Oracle;
  • донистани C#, .Net;
  • таҷрибаи ташкили кластерҳо (пайваст кардани серверҳо);
  • донистани забони англисӣ;

б) мутахассиси бахши ҳифзи иттилооти Департаменти технологияи иттилоотӣ

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии техникӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ (IT);
  • таҷрибаи кории зиёда аз 3-сола оид ба маъмурии бахши ҳифзи иттилоот дар низомҳои автоматишудаи бонкӣ;
  • таҷрибаи корӣ оид ба маъмурии системаҳои омилии оилаи Unix ва Microsoft Windows Server;
  • таҷрибаи корӣ оид маъмурии экранҳои байнишабакавӣ (Firewall) ва барномаҳои зиддивирусӣ;
  • таҷрибаи корӣ оид ба ташкил ва амалигардонии чорабиниҳо доир ба таъмини ҳифзи иттилоот;
  • донистани забони тоҷикӣ ва русӣ;
  • иловатан кор дар басти дуюм (аз соати 10:30 то 19:30);

Афзалиятнок ҳисобида мешавад:

  • доштани сертификати мутахассиси амнияти иттилоот;
  • донистани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва стандартҳои байналмилалӣ (ISO/IEC 27001 ва ISO/IEC 27002) оид ба технологияҳои иттилоотӣ ва амнияти иттилоот;
  • донистани тарзи кори шабакаи компютерӣ ва протоколҳои шабакавӣ;
  • таҷрибаи корӣ доир ба маъмурии бахши ҳифзи иттилооти низоми SWIFT;
  • донистани забони англисӣ.

в) мутахассиси бахши SWIFT-и Департаменти технологияи иттилоотӣ

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии техникӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ (IT);
  • донистани забони тоҷикӣ ва англисӣ;
  • таҷрибаи корӣ оид ба маъмурии системаҳои омилии оилаи Unix ва Microsoft Windows Server зиёда аз 3 сол;
  • таҷрибаи корӣ оид ба насб, танзим ва маъмурии барномаҳо дар системаҳои омилии оилаи Unix ва Microsoft Windows Server;
  • таҷрибаи корӣ оид ба маъмурии таҷҳизоти коммуникатсионӣ;
  • донистани тарзи кори шабакаи компютерӣ ва протоколҳои шабакавӣ;
  • иловатан кор дар басти дуюм (аз соати 10:30 то 19:30)

Афзалиятнок ҳисобида мешавад:

  • доштани сертификати мутахассиси амнияти иттилоот;
  • таҷрибаи корӣ оид ба маъмурии барномаҳои низоми SWIFT;
  • таҷрибаи корӣ оид ба маъмурии системаи омилии AIX;
  • донистани забони русӣ;
  • доштани унвони илмӣ

г) мутахассиси Идораи муносибатҳои байналмилалӣ

Талабот ба номзад:

  • Илова ба номгуи талаботи боби I-и озмун мутахассис бояд донандаи хуби забони хитоӣ бошад

III

а) мутахассиси шуъбаи таҳлилу тадқиқоти Департаменти мониторинги молиявӣ

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии иқтисодӣ;

  • донистани ҳамаи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм;

  • донистани тавсияҳои ФАТФ ва типологияҳои байналмиллалӣ дар соҳаи МҚД/МТ;

  • донистани асосҳои иқтисодиёт ва таҳлили иқтисодӣ қонунгузории идоракунии фаъолияти шахсони ҳисоботдиҳанда; фаъолияти ҳисобдорӣ; фаъолияти бонкӣ ва молиявӣ;

  • донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ), русӣ ва англисӣ;

  • малака: кор бо компютер (MS Office, Internet); системаҳои идоракунии пойгоҳи маълумотӣ (Oracle, MS SQL ва дигарҳо).

б) мутахассиси шуъбаи коркарди иттилооти Департаменти мониторинги молиявӣ

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии техникӣ ё маълумоти олӣ дар соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ (IT);

  • донистани ҳамаи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм
  • донистани тавсияҳои ФАТФ ва типологияҳои байналмиллалӣ дар соҳаи МҚД/МТ;

  • таҷрибаи кории маъмури пойгоҳи маълумот (DBA);

  • донистани забонҳои барномасозии Oracle PL/SQL;

  • донистани C# ё .Net афзалият дорад;

  • таҷрибаи татбиқи web-сервисҳо дар заминаи Oracle;

  • донистани забони давлатӣ (тоҷикӣ), русӣ ва англисӣ;

  • иштирок дар амалигардонии лоиҳаҳои низомҳои автоматишуда;

  • собиқаи корӣ дар соҳаи технологияи иттилоотӣ на камтар аз 3 сол.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

  • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
  • варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
  • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
  • нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
  • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
  • расми 3х4 – 2 дона;
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотномаи тиббии шакли муқарраргардида;
  • маълумотнома (справка-объективка)

Ҳуҷҷатҳо дар нишони зерин қабул карда мешаванд:

Нишонаи почтаи электронӣ: OZMUN@NBT.TJ

Телефон барои маълумот: 600-32-13; 600-31-38

ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 107А, Идораи кормандон

        

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 10.09.с. 2015

Хадамоти матбуоти  
БМТ



Возврат к списку