БМТ озмуни интихоби рамзи байналмилалии пули миллиро эълон менамояд

Бойгонии ахбор
16.09.2015

БМТ озмуни интихоби рамзи байналмилалии пули миллиро эълон менамояд

Бонки миллии Тоҷикистон барои таҳия ва пешниҳоди рамзи байналмилалии пули миллӣ-сомонӣ ОЗМУН эълон менамояд.

Лоиҳаҳои рамзи байналмилалии пули миллӣ-сомонӣ, ки аз ҷониби иштирокчиёни озмун пешниҳод мегарданд, бояд ҷавобгӯи талаботҳои зерин бошанд:

     - Рамз бояд инъикоскунандаи пули миллӣ бошад;

     - Хотиротеро аз ёдгориҳои бостонӣ ба ёд оварад;

     - Навгонӣ дошта бошад;

     - Хусусияти соф миллӣ дошта бошад;

     - Бо рангҳои дилхоҳу ҷолиб тасвир шуда бошад.

    - Ҳаҷми пардохти ҳаққи хизмат аз ҷониби муаллиф пешниҳод карда шавад (ҳаққи хизмати танҳо рамзи интихобгашта пардохт карда мешавад).

Дар таҷрибаи низоми бонкии ҷаҳон рамзҳои пулҳои миллӣ ба таври гуногун ифода меёбанд. Барои мисол: Рамзи доллари ИМА -$, рамзи Евро- €, рамзи йени Ҷопон- ¥.

Муҳлати пешниҳоди лоиҳаҳои рамзи байналмилалии пули миллӣ то 30 сентябри соли 2015.

Барои дастрас намудани маълумоти бештар бо телефони 600-32-71 ва почтаи электронии m_safarov@nbt.tj лутфан муроҷиат намоед.

Хадамоти матбуоти  
БМТ



Возврат к списку