Дар ҳафтаи равон қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ, муътадил боқӣ монда, ба ҳисоби миёна 6,85-6,88 сомонӣ ба 1 долл. ИМА –ро ташкил намуд.
Баъди интизориҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ маълум гардид, ки меъёри фоизи байнибонкии Бонки Марказии Амрико тағйир намеёбад ва он чунин ҳам шуд, яъне дар сатҳи пешина тасдик карда шуд. Бинобар ин, бозорҳои ҷахонӣ ҳафтаи ҷориро нисбатан муътадил ҷамъбаст карда истодаанд. Дар натиҷа рубли руси +3.2%, нафти навъи брент +3.0%, тилло +2.9% пуркувват шуданд, ки ин низ то андозае барои дар сатхи муътадил мондани қурби сомонӣ нисбати асъорҳои хориҷӣ мусоидат кард.
Дар ин давра қурби миёнаи амалиётҳо бо евро ва рубли русӣ андаке баланд шуда, мувофикан ба 7.60 сомони барои 1 евро ва 0.103 сомони барои 1 рубли русӣ баробар шуданд.
Хадамоти матбуоти
БМТ