БМТ- муомилоти ғайринақдӣ беҳтар мегардад

Бойгонии ахбор
18.09.2015

БМТ- муомилоти ғайринақдӣ беҳтар мегардад

Ҳафтаи равон Созишномаи ҳамкорӣ оид ба иштирок дар низоми миллии ҳисоббаробаркуниҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ва ноиби Президенти ширкати байналхалқии Visa International Service Association ҷаноби Майкл Доннелли ба имзо расид.

Қайд кардан бамаврид аст, ки аз ин баъд амалиётҳои ҳисоббаробаркунӣ бо истифодаи кортҳои пардохтии низоми пардохтии Visa International дар ҷумҳурӣ танҳо бо пули миллӣ – сомонӣ, яъне бе гузаронидани амалиёти иловагии мубодилаи асъор иҷро мегарданд.

То ин вақт дорандагони кортҳои пардохтии Visa International ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ ба мушкилот рӯ ба рӯ мешуданд. Зеро дар натиҷаи анҷом додани хариду фурӯши мол ва хизматрасонӣ байни муомилоти ба таври нақдӣ ва ғайринақдӣ анҷомдодашуда, ба муштариён як андоза зарари молиявӣ ба миён меовард. Ин дар навбати худ, метавонад ба боварии аҳолӣ нисбати воситаҳои муосири пардохт ва дар маҷмӯъ ба низоми бонкӣ таъсири манфӣ расонад. Аз рӯи нақшаи тарҳрезишуда ин мушкилот то охири сол ҳалли худро меёбад.

Барои дар амал татбиқ намудани нақшаҳои тибқи созишномаи пешбинишуда, Бонки миллии Тоҷикистон лоиҳаи ташкил намудани Низоми миллии ҳисоббаробаркуниҳои Тоҷикистонро бо низоми пардохтии Visa International - TJNNSS (Tajikistan National Net Settlement Service) шуруъ намуд. Айни замон марҳилаи аввали татбиқ намудани лоиҳаи мазкур аллакай оғоз гардидааст.

Амалӣ намудани лоиҳаи мазкур барои зиёд гардидани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, татбиқи воситаҳои муосири электронии пардохт, аз қабили кортҳои пардохтии бонкӣ, оммавӣ гаштани ин воситаи муосири пардохт дар байни аҳолии кишвар ва барои устувории низоми пардохти миллӣ мусоидат хоҳад намуд.

Ҳамчунин қайд кардан зарур аст, ки минбаъд Бонки миллии Тоҷикистон ҳангоми анҷом додани хариду фурӯши мол ва хизматрасонӣ бо истифодаи кортҳои Visa International дар қаламрави ҷумҳурӣ нақши бонки ҳисоббаробаркуниро иҷро менамояд.

Хадамоти матбуоти  
БМТ



Возврат к списку