Дар мулоқоти роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ дар ҷумҳурӣ, аз қабили Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки Осиёии рушд, Агентии Британияи Кабир оид ба рушди байналмилалӣ, Корпоратсияи молиявии байналхалқӣ, Котиботи давлатии Швейтсария оид ба муносибатҳои иқтисодӣ ва Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ, ки 22 сентябри соли равон баргузор гардид, масъалаҳои дар сатҳи сифатан нав ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба ҷиҳати ҷалб ва амалӣ намудани кумакҳои техникӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар оғози вохӯрӣ роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон таъкид намуд, ки ҳамкории ташкилотҳои молиявии байналхалқӣ бо низоми бонкии Тоҷикистон сол то сол беҳтар гашта истодааст, дастгирии молиявии онҳо дар ташаккулёбии сохтори бонкии мамлакат назаррас мебошад. Дар идомаи суҳбат зимни шинос намудани ҳозирин бо Стратегияи солимгардонии молиявии Бонки миллии Тоҷикистон, изҳор карда шуд, ки чиҳати амалӣ намудани дурнамои рушди бонк ҷалби кумакҳои техникии ташкилотҳои молиявии байналхалқӣ зарур мебошад.
Зимни муҳокимаи масъалаҳои ҳамкорӣ намояндагони ташкилотҳои молиявии байналхалқӣ дар навбати худ иброз доштанд, ки Стратегияи солимгардонии молиявии Бонки миллии Тоҷикистон санади муҳим ва саривақтӣ буда, масъалаи пешниҳод намудани кӯмакҳои техникиро бо ташкилотҳои худ дар якҷоягӣ баррасӣ хоҳанд кард.
Ҳамчунин бояд қайд кард, ки гузаронидани чунин мулоқотҳо тибқи нақша идома меёбанд ва моҳҳои наздик вохӯриҳои навбатӣ бо намояндагони ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ дар назар аст.
Хадамоти матбуоти
БМТ