Талаботи рӯзафзуни аҳолӣ ба қарз таъмин мегардад

Бойгонии ахбор
25.09.2015

Талаботи рӯзафзуни аҳолӣ ба қарз таъмин мегардад

Ҷамъбасти ҳаҷми умумии бақияи қарзҳо дар ҷумҳурӣ мувофиқи маълумотҳои охир дар интиҳои моҳи августи соли равон раванди зиёдшавии муътадили худро идома дода, маблағи 11 164,4 млн. сомониро ташкил намуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24,8 фоиз зиёд аст.

Баъди таҳлили таркиби бақияи қарзҳо дар ин давра маълум гашт, ки 4 914,9 млн. сомонӣ (ё 44,0 фоиз)-ро қарзҳои кӯтоҳмуддат ва 6 249,5 млн. сомонӣ (ё 56,0 фоиз)-ро қарзҳои дарозмуддат ташкил додаанд.

Дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ фоизҳои миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ 23,86 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 21,66 фоизи солонаро ташкил намуданд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 1,09 банди фоизӣ ва 1,57 банди фоизӣ паст мебошад.

Ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда дар ин давра 3 738,7 млн. сомониро ташкил дод. Қайд кардан бамаврид аст, ки аз ин маблағ 666,1 млн. сомонӣ ба ноҳияҳои дурдасти куҳистон дода шудаанд.

Хадамоти матбуоти  
БМТ



Возврат к списку