БМТ ба озмун даъват менамояд

Бойгонии ахбор
02.10.2015

БМТ ба озмун даъват менамояд

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

барои ишғоли вазифаҳои холии зерин

О З М У Н

ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

I

Мутахассиси Департаменти сиёсати монетарӣ, тадқиқотӣ ва рушд

Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олии иқтисодӣ ё риёзӣ-иқтисодӣ;
  • малакаи кор дар компютер – касбӣ (Excel ҳатмист)
  • донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ; донистани забони англисӣ бартарият дорад;
  • қобилияти хуби таҳлилию тадқиқотӣ ва фикрронии стратегӣ;
  • малакаи кор бо барномаҳои эконометрикӣ (E-views ва Matlab)
  • доштани таҷрибаи корӣ дар низоми бонкӣ афзалиятнок аст.

II

Мутахассиси Идораи суботи молиявӣ ва таҳлили хавфҳо

Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олии иқтисодӣ ё риёзӣ-иқтисодӣ;
  • малакаи кор дар компютер – касбӣ (Excel ҳатмист)
  • донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ; донистани забони англисӣ бартарият дорад;
  • малакаи таҳлилӣ аз рӯи нишондиҳандаҳои иқтисодӣ;
  • доштани таҷрибаи корӣ дар низоми бонкӣ афзалиятнок аст.

III

а) Мутахассиси Шуъбаи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ

Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олии иқтисодӣ ;
  • малакаи кор дар компютер – касбӣ;
  • донистани забони давлатӣ, русӣ ва англисӣ ҳатмист;
  • маҳорати баланди суханронӣ ва ифодаи баён;
  • доштани собиқаи корӣ дар соҳаи молиявӣ/бонкӣ.

б) Мутахассис (ҳуқуқшинос)-и Шуъбаи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ

Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олии ҳуқуқӣ;
  • малакаи кор дар компютер – касбӣ;
  • донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ; донистани забони англисӣ бартарият дорад;
  • маҳорати баланди суханронӣ ва ифодаи баён;
  • доштани собиқаи корӣ дар соҳаи молиявӣ/бонкӣ.

IY

Мутахассиси шуъбаи методология ва таҳияи санадҳои меъёрию ҳуқуқии Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва бозомӯзии кормандон

Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олии ҳуқуқӣ;
  • малакаи кор дар компютер – касбӣ (Microsoft Word; Excel)
  • донистани забони давлатӣ, русӣ ҳатмӣ; донистани забони англисӣ бартарият дорад;
  • дорои унвони илмӣ бартарият дорад;
  • дорои қобилияти таҳлилӣ;
  • доштани малакаи касбӣ на камтар аз 3 сол дар низоми бонкӣ.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

  • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
  • варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
  • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
  • нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
  • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотномаи тиббии шакли муқарраргардида;
  • маълумотнома (справка-объективка).

Ҳуҷҷатҳоро дар нишони зерин қабул менамоянд:

ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 107А, Идораи кормандон

Барои маълумот - Тел: 600-32-13; 600-31-38

Нишонаи почтаи электронӣ: OZMUN@NBT.TJ

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 15.10.2015

Ҳуҷҷатҳо танҳо ба таври хаттӣ қабул карда мешаванд.

Хадамоти матбуоти  
БМТ



Возврат к списку