Мулоқот бо аудиторони берунии БМТ

Бойгонии ахбор
02.10.2015

Мулоқот бо аудиторони берунии БМТ

Имрӯз, 2 октябри соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон бо ширкати бахши иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Бонк ва аудиторони берунии Бонки миллии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар ибтидо Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ҷамъомадро оғоз намуда, ҳозиринро ба шунидани ҳисоботу муаррифиҳо ва муҳокимаи масъалаҳои мубрами низоми бонкии кишвар даъват намуд.

majlis_1.jpg

Сипас, аудиторони Ширкати байналмилалии аудитории “Эрнст энд Янг Форд Родс Сидат Ҳайдер”, ки аудити ҳисоботи молиявии Бонки миллии Тоҷикистон барои соли 2014-ро гузарониданд, аҳли нишастро бо натиҷаҳои аудит шинос намуда, мухтасар дар хусуси вазъи ҷорӣ ва мушкилоти асосии Бонк андешаҳои худро иброз доштанд.

majlis_2.jpg

Дар баробари ин, аудиторони берунӣ изҳор доштанд, ки аллакай роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон барои рафъи мушкилоти мавҷуда ва таъмини пешрафту беҳбудиҳо дар соҳаи низоми бонкӣ корҳои зиёдеро анҷом додаанд ва дар сурати татбиқи муваффақонаи Нақшаи стратегии солимгардонии фаъолияти Бонк, умед аст, ки ба дастовардҳои назаррас ноил хоҳанд гашт.

Дар ҷараёни ҷамъомад иштирокдорони он вазъи феълии низоми бонкии ҷумҳуриро ба таври васеъ ва амиқ муҳокима карда, барои пешрафти ин бахши муҳими иқтисодиёт, нигоҳдории қурби пули миллӣ, сатҳи таваррум, андозу андозбандии соҳаи бонкӣ ва амсоли инҳо фикру андешаҳои ҷолиб манзур намуданд.

Хадамоти матбуоти  
БМТ



Возврат к списку