2 октябри соли ҷорӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон мулоқоти муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ҷаноби Нуралиев Ҷ.К., ва муовини Раиси бонк ҷаноби Латифов У.Б., бо ҳайати намояндагони Бонки осиёии рушд таҳти роҳбарии хонум Бэтти Вилкинсон баргузор гардид.
Зимни вохӯрии тарафҳо як қатор масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ, аз ҷумла расонидани кӯмаки техникӣ ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти низоми бонкӣ дар самти низомҳои пардохт, иҷрои талаботҳои Кумитаи Базелӣ оид ба пешгирии хавфҳо ва шустушӯи маблағҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада, қарзҳои таснифшуда, шаффофияти фаъолияти бонкҳо, диверсификатсияи бахши молиявӣ, танзиму назорати онҳо ҳаматарафа муҳокима карданд.
Намояндаи Бонки осиёии рушд ҷиҳати пешниҳод намудани кумаки техникӣ баҳри рушди бахшҳои номбурдаи соҳаи бонкдорӣ омодагӣ ва дастгирии хешро изҳор намуд.
Дар интиҳои нишаст тарафҳо тасмим гирифтанд, ки барои тақвият додани ҳамкориҳои мавҷудаи дуҷонибаи судманд чунин мулоқоту вохӯриҳоро идома хоҳанд дод.
Хадамоти матбуоти
БМТ