Ҷаноби Дарко Бонетс дар БМТ баромад намуд

Бойгонии ахбор
06.10.2015

Ҷаноби Дарко Бонетс дар БМТ баромад намуд

Дар доираи барномаи кӯмаки техникии Хазинаи байналхалқии асъор ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳайати Гуруҳи кории он, ки тайи ҳафтаи гузаштаи соли равон ба ҷумҳурӣ ташриф оварда буданд, муовини Раиси Бонки марказии Словения ҷаноби Дарко Бонетс 2 октябр дар ҳузури муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ҷаноби Нуралиев Ҷ.К., муовини Раиси бонк ҷаноби Латифов У.Б., ва ҷамъи роҳбарони департаменту идораҳои марбута бо муаррифӣ оид ба мавзӯи “Суботи молиявӣ ва сиёсати макропруденсиалӣ дар Словения” баромад намуд.

Nuraliev_J_K.jpg

Мавзӯи муаррифии ҷаноби Дарко Бонетс масъалаҳои асосӣ ва муҳим оид ба таҳлили суботи молиявӣ, таҳия ва татбиқи сиёсати макропруденсиалӣ, ташкили воҳиди сохтории масъул, таҳияи моделҳо барои муайян сохтан ва мониторинги хавфҳои суботи молиявӣ, инчунин дар хусуси аз ҷониби Низоми Аврупоии назорати молиявӣ ба роҳ мондани назорати макропруденсиалӣ дар минтақаи Аврупоро дар бар мегирад.

bonets_1.jpg      

Дар ҷараёни вохӯрӣ таъкид гардид, ки мақсади асосии сиёсати макропруденсиалӣ ин, пеш аз ҳама, нигоҳ доштани суботи низоми молиявӣ бо роҳи баланд бардоштани устувории низоми молиявӣ ва коҳиш додани хавфҳои он мебошад, ки дар навбати худ метавонад саҳми босазои бахши молиявиро дар рушди иқтисодиёти кишвар таъмин намояд.

Бешубҳа, таҷрибаи пешрафта ва санҷидашудаи бонкдорон дар Аврупо метавонад ҳангоми мавриди истифода қарор додани он дар фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани кори Идораи суботи молиявӣ ва таҳлили хавфҳо саҳми босазо гузорад.

Хадамоти матбуоти  
БМТ



Возврат к списку