Қаноатмандӣ аз фаъолияти БАТР дар Тоҷикистон

Бойгонии ахбор
08.10.2015

Қаноатмандӣ аз фаъолияти БАТР дар Тоҷикистон

Дар вохӯрии муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ҷаноби Нуралиев Ҷ.К., бо муовини сардори Шуъбаи баҳодиҳии таҳлилӣ ва дастгирии Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд ҷаноби Леонард Кайт, ки имрӯз, 8 октябри соли равон баргузор гардид, масъалаҳои сатҳи ҳамкориҳои дуҷонибаи тарафайн ва дурнамои рушди он мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Мулоқоти имрӯза ба масъалаҳои муҳими омӯзишию тадқиқотӣ, аз қабили муайян намудани нақши Намояндагии доимии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар ҷумҳурӣ ва мусоидати он ба бахши тиҷорату мақомоти давлатӣ, сабабҳо ва усулҳои ҳамкорӣ бо бонки номбурда, самаранокии фаъолияти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар маҳалҳо, саҳми он дар рушди мамлакат ва фарқи он назар ба дигар ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ, ки кишвари мо фаъолият доранд, бахшида шуд.

janobi_Nuraliev J_K_01.jpg

Дар ҷараёни суҳбати судманд муовини сардори Шуъбаи баҳодиҳии таҳлилӣ ва дастгирии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҷаноби Леонард Кайт изҳор намуд, шуъбаи онҳо сохтори мустақил буда, танҳо ба Шӯрои мудирони бонк ҳисобот медиҳад ва вазифаи асосии он таҳлили ҳамаҷонибаи фаъолияти намояндагиҳои бонк дар кишварҳои дунё ва баҳогузорӣ кардани натиҷаи кори онҳо мебошад.

Тибқи нақша кормандони шуъба аз 37 намояндагиҳои доимии бонк, ки дар мамолики мухталифи дунё фаъолият доранд, дидан менамоянд, дар байни мутахассисони намояндагиҳо назарпурсиҳо мегузаронад ва илова бар ин, бо роҳбарони вазорату ташкилотҳою бонкҳои марказии ин он давлатҳо мулоқотҳо анҷом медиҳанд. Баъди анҷоми тадқиқоти худ ба Шӯрои мудирони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҳисоботи муфассал пешниҳод мекунад.

janobi_Nuraliev J_K_02.jpg

Дар идомаи мулоқот муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ҷаноби Нуралиев Ҷ.К., иброз намуд, ки мо аз фаъолияти Намояндагии доимии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Душанбе қаноатманд ҳастем, зеро тайи солҳои тӯлонӣ бонки мазкур бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории зич дорад ва дар сармоягузории лоиҳаҳои муҳими бахшҳои давлатӣ, молиявӣ ва хусусӣ саҳми босазо гузоштааст. Ҳамчунин дар айни замон якчанд лоиҳаҳои дигар дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди ҷумҳурӣ мавриди амал қарор доранд.Ҷаноби Нуралиев Ҷ.К., диққати ҷаноби Леонард Кайтро дар баробари дигар масъалаҳои ҳамкорӣ ба дастгирии бахши молиявии ҷумҳурӣ аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҷалб намуд.

Ҷонибҳо дар анҷоми суҳбат бо боварӣ изҳор доштанд, ки таҳлил ва тадқиқи ҳамаҷонибаи фаъолияти Намояндагии доимии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Душанбе барои дар сатҳи сифатан нави ҳамкории судманд ба роҳ мондани муносибатҳои дуҷонибаи мусоидат хоҳад кард.

Хадамоти матбуоти  
БМТ



Возврат к списку