Дар ҷаҳорчӯбаи Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе - 2015 таҳти унвони “Саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар рушди устувор”, ки 14 октябри соли равон баргузор гардид, баъди нисфирӯзӣ иштирокдорони он кори худро дар се бахшҳои марбут ба рушди иқтисодиёти кишвар дар маҷлисгоҳҳои Китобхонаи миллӣ идома доданд.
Бахши сеюми Форум дар мавзӯи “Бозори хизматрасонии молиявӣ. Нақши ташкилотҳои молиявӣ дар рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон” таҳти роҳбарии Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ҷаноби Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ширкати васеи сармоягузорон ва соҳибкорони дохилӣ ва хориҷӣ, намояндагони ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ баргузор гардид.
Дар ибтидои кори бахши номбурда Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ҷаноби Ҷамшед Нурмаҳмадзода ҳузури меҳмононро хайра мақдам гуфта, қайд намуд, ки ташкил ва гузаронидани чунин Форумҳо барои омӯхтани таҷрибаи пешқадам дар бахши соҳибкорӣ хеле манфиатовар аст ва ҷиҳати ҳаматарафа эҳсос намудани мушкилотҳои ҷойдошта ва роҳҳои бартараф намудани онҳо дар бахши соҳибкорӣ имконияти хуб фароҳам меорад. Номбурда аз ҳамаи иштирокчиёни Форум даъват ба амал овард, ки дар ҳаллу фасли масъалаҳои мавҷудаи иқтисодиёт бетараф набуда, барои пешрафти самараноки соҳибкорӣ дар музокираҳо, баёни ақидаҳо, пешниҳоди таклифҳо фаъолона ва озодона иштирок намоянд.
Сипас, сухан барои маърӯзаи муфассал бо пешниҳоди муаррифии масъалаҳои рушди соҳибкории хурду миёна, саҳми ташкилотҳои қарзии кишвар ва ташкилотҳои молиявии байналхалқӣ дар он ба муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ҷ-би Ҷамолиддин Нуралиев дода шуд (матни пурраи ин муаррифӣ замима мегардад).
Дар ҷараёни кори бахши сеюми Форум “Бозори хизматрасонии молиявӣ. Нақши ташкилотҳои молиявӣ дар рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон” оид ба масъалаҳои гуногуни рушди соҳаи бонкдорӣ, бозори такрории коғазҳои қиматнок, ҷудо намудани қарзҳо, аз ҷумла қарзҳои имтиёзнок ба соҳибкорон, ҷалби амонатҳо, фоизҳои онҳо, ҳамкориҳо бо Ҳукумати ҷумҳурӣ, вазорату идораҳо ва ташкилотҳои қарзӣ, инкишоф ва дар амал татбиқ намудани шаклҳои гуногуни суғурта, дар назди ҳозирин бо маърӯзаҳо, таҳлилҳои ҳамаҷониба ва пешниҳодҳои судманд Раиси БДА ҶТ “Амонатбонк” ҷаноби Ҳакимзода Руҳулло, Директори минтақавӣ барои кишварҳои ИДМ ва Аврупо, Корпоратсияи Исломии Рушд, Гурӯҳи Бонки Исломии рушд ҷаноби Самир Тагиев, намояндаи доимии Бонки Аврупоии таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон ҷаноби Ричард Ҷонс, Роҳбари Фонди сармоягузории “Хуеҷинг”-и Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷаноби Гуо Ҷин Ҷонг, Директори ширкати суғуртавии “Бима” ҷаноби Санҷар Ҷабборов, Раиси Раёсати ҶСП “Спитамен бонк” ҷаноби Пётр Фабиан баромад карданд.
Дар қисмати ҷамъбастии кори бахши сеюми Форум Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ҷаноби Ҷамшед Нурмаҳмадзода баромад намуда, иброз дошт, ки дар назди Бонки миллии Тоҷикистон Гурӯҳи корӣ фаъолият менамояд, ки дар ҳамкорӣ бо коршиносони вазорату идораҳои дахлдор ва Бонки Ҷаҳонӣ барои такмили як қатор қонунҳо нисбати гарави молу мулки манқул ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фаъолият карда истодааст. Боварии комил дорам, ки муҳайё намудани фазои мусоид барои пешбурди соҳибкорӣ ва дастрасӣ ба захираҳои маблағгузорӣ бевосита ба баланд шудани рейтинги кишвар, фаъол гардидани ҷалби сармоя ба соҳаҳои мухталиф ва рушди устувори иқтисодии кишвар мусоидат хоҳад намуд.
Хадамоти матбуоти
БМТ