Имрӯз, 15 октябри соли ҷорӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон дар давоми чанд соат се мулоқоти муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ҷаноби Ҷамолиддин Нуралиев бо чанд намояндаи бонки хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ баргузор гардид.
Дар оғоз ҷ-би Ҷамолиддин Нуралиев бо Раиси Шӯрои мудирони AccessHolding ҷаноби Томас Енгелхард ва Раиси Раёсати АксесБонк Тоҷикистон ҷаноби Удо Шедел мулоқот намуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои боз ҳам беҳтар кардани фаъолияти АксесБонк Тоҷикистон, омода намудани мутахассисони маҳаллӣ барои бонк, баланд бардоштани дониш, таҷриба ва касбияти кормандони мавҷудаи он, пешгирӣ намудани ҳодисаҳои шустушӯи пулҳои бо роҳи ҷиноят ба дастомада ва дигар паҳлуҳои ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд.
Сипас, муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо мудири минтақавии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ оид ба Осиёи марказӣ ҷаноби Моаззам Мекан, ки барои иштирок дар Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе - 2015 таҳти унвони “Саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар рушди устувор” ташриф овардааст, мулоқот анҷом дод. Дар вохӯрӣ ҳамчунин роҳбари Намояндагии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон хонум Манижа Мамаднабиева иштирок кард.
Зимни суҳбат иброз гардид, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҷонибдори ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд мебошад. Таъкид гардид, ки аз ҳамкориҳое, ки тарафҳо дар ин ё он бахшу соҳаҳо анҷом медиҳанд, бояд ҳар ду ҷониб манфиатдор бошанд.
Мусоҳибон ҳамчунин дар бораи имкониятҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои инфрасохторӣ ва истеҳсолот, тиҷорати кишоварзӣ ва хизматрасонӣ, ривоҷ додани бозори коғазҳои қиматнок, нашр ва барои фурӯш ба бозор ворид кардани коғазҳои қиматноки бонкҳою дигар ширкатҳои истеҳсолӣ, ба роҳ мондани бозори дуюмдараҷаи коғазҳои қиматнок ва ғайра фикру андешаҳои ҷолиб пешниҳод карданд.
Ва ниҳоят, муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо тими ҳайати Бонки ҷаҳонӣ оид ба татбиқи лоиҳаҳои тасдиқнамудаи соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон бо сарварии Роҳбари лоиҳаи тандурустӣ хонум Уэзи Мсиша вохӯрӣ намуд.
Дар мулоқот ҳар ду тараф ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаи самаранок ба хотири дар муҳлатҳои ба нақша гирифташуда анҷом додани корҳои хеле зарур дар бахши лоиҳаҳои тандурустӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи мутахассисони лоиҳаи номбурда ҳангоми иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошташуда мубодилаи афкор намуданд. Онҳо иброз доштанд, ки барои ба даст овардани ин ҳадафҳои ба ҷомеа фоидаовар минбаъд ҳамкориҳои мавҷударо тақвият мебахшанд.
Тарафҳо муҳимияти ҷалби маблағҳои иловагии грантиро барои боз самаранок татбиқ намудани лоиҳаи мазкур бори дигар таъкид карданд.
Хадамоти матбуоти
БМТ