Таваррум дар нуҳ моҳ - 3,6 фоиз

Бойгонии ахбор
23.10.2015

Таваррум дар нуҳ моҳ - 3,6 фоиз

Мувофиқи маълумотҳои оморӣ дар интиҳои моҳи сентябр сатҳи таваррум, ки яке аз нишондиҳандаҳои муҳими макроиқтисодӣ ба шумор меравад, 0,4 фоизро ташкил дод. Дар давоми нуҳ моҳи соли равон ин нишондиҳанда ба 3,6 фоиз баробар шуд, ки назар ба ҳамин давраи соли қаблӣ 2,1 банди фоизӣ паст аст. Дар давоми 12 моҳ бошад, таваррум 5,3 фоизро ташкил намуд ва ҳамчунин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,3 банди фоизӣ паст мебошад.
Меъёри бозтамвили Бонки миллии Тоҷикистон, ки яке аз фишангҳои асосии сиёсати пулию қарзӣ ба ҳисоб меравад, дар моҳи сентябри соли ҷорӣ дар сатҳи 8,0 фоиз қарор дорад.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку