Тағйирот дар сиёсати қурбии Бонки миллии Тоҷикистон

Бойгонии ахбор
23.10.2015

Тағйирот дар сиёсати қурбии Бонки миллии Тоҷикистон

Бонки миллии Тоҷикистон бо назардошти ба эътидол омадани вазъи бозори хариду фуруши долл. нақди ИМА ва бо мақсади ба низоми қурби ягонаи мубодилавӣ гузаштан, дастур ирсол намуд, ки тибқи он аз 26 октябри соли 2015 сар карда, қурби хариду фуруши долл. нақди ИМА аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ муқаррар карда мешавад.

Тибқи ин дастур, ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ бояд қурби харид ва фуруши долл. нақди ИМА-ро мустақилона, бо назардошти вазъи бозори дохилӣ ва мақсаду вазифаҳои сиёсати пулию қарзӣ ва асъории давлат дар доираи тартибу қоидаҳои санадҳои меъёрию ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, муқаррар ва амалӣ намоянд.

Дар баробари ин, Бонки миллии Тоҷикистон иброз менамояд, ки вазъи бозори нақд ва фаъолияти муассисаҳои бонкии ба хариду фурӯши асъори нақди хориҷӣ машғулбударо, ҳамаруза назорат карда, дар ҳолатҳои ҳаннотӣ ва аз ҷониби онҳо беасос баланд кардани қурб, дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чораҳои қатъии таъсиррасонӣ хоҳад андешид.

Қайд кардан зарур аст, ки Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд низ чораҳои самараноки татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва асъориро истифода бурда, фаъолияти муназзаму босуботи бозори дохилии асъор ва муътадилии қурби пули миллиро таъмин месозад. Бо итминони комил метавон гуфт, ки барои иҷрои муваффақонаи ин вазифа, тамоми имконоту воситаҳои зарурӣ мавҷуданд.

Хадамоти матбуоти

БМТ


Возврат к списку