Вохӯрӣ бо ҷаноби Масихико Ошима

Бойгонии ахбор
24.10.2015

Вохӯрӣ бо ҷаноби Масихико Ошима

Имрӯз, 24 октябри соли равон Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ҷаноби Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҷаноби Масихико Ошима – Директори генералии бонки Сумитомо Митсуи Бэнкинг Корпорэйшен Европа лтд (СМВК Европа лтд), ки дар ҳайати сафари расмии Сарвазири Япония ҷаноби Синдзо Абэ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқот доир намуд.

Нахуст Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ҷаноби Ҷамшед Нурмаҳмадзода меҳмононро бо вазъи макроиқтисодӣ ва низоми бонкии ҷумҳурӣ, аз ҷумла қурби асъори миллӣ, тавозуни пардохт, сатҳи таваррум шинос намуда, изҳор дошт, ки бо вуҷуди идома ёфтани буҳрони иқтисодию молиявӣ дар ҷаҳон рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ дар нуҳ моҳи соли равон 6,2 фоизро ташкил намуд, сатҳи таваррум ба 3,6 фоиз баробар шуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 2,1 банди фоизӣ паст аст. Ҳамчунин дар ин давра ҳаҷми пасандозҳои аҳолӣ дар ташкилотҳои қарзӣ ба андозаи 22 фоиз зиёд шуданд. Маблағҳои қарзие, ки аз ҷониби бонкҳо ба ноҳияҳои дурдасти куҳӣ, корхонаҳо ва соҳибкороне, ки ҷойҳои нави корӣ ташкил менамоянд, дода шудаанд, хеле афзуданд. 

Jopon 2.jpg

Номбурда дар идомаи суҳбат қайд намуд, ки чун дар дигар давлатҳои олам дар натиҷаи буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ дар ҷумҳурии мо, бахусус дар низоми бонкии кишвар баъзе мушкилотҳо ба миён омадаанд ва барои бартараф намудани онҳо моро зарур аст, ки доираи ҳамкориҳои байналхалқии худро васеъ намуда, кӯмаку дастгириҳои техникиро ҷалб намоем.

Таъкид гардид, ки Бонки миллии Тоҷикистон барои ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар бахши омода намудани мутахассисон, табодули таҷриба ва ҷалби кумакҳои техникӣ дар самти технологияҳои информатсионӣ бо СМВК Европа лтд ҳавасманд мебошад.

Директори генералии бонки Сумитомо Митсуи Бэнкинг Корпорэйшен Европа лтд ҷаноби Масихико Ошима бо хушнудӣ изҳор намуд, ки ин рӯз барои ӯ ҳамчун рӯзи махсус, яъне оғози ҳамкориҳои дуҷониба бо Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ҷаноби Масихико Ошима иброз дошт, ки умедвор аст, ки минбаъд бонки онҳо дар инкишофи иқтисодиёти Тоҷикистон ва низоми бонкии он саҳми худро хоҳад гузошт. 

Joron1.jpg

Номбурда омодагии хешро дар расонидани дастгирии техникӣ дар бахши технологияҳои информатсионӣ, омӯзиш ва такмили ихтисоси соҳаи бонкӣ ва оғоз намудани ҳамкориҳои дуҷониба бо бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон баён намуд.

Ҷаноби Масихико Ошима зимни суханронии худ қайд намуд, ки СМВК Япония дорои таърихи беш аз 300 соли фаъолият буда, яке аз бонкҳои машҳур ва қудратманди Япония ба шумор меравад. Бонки СМВК Европа лтд бошад, бонки универсалии мустақил дар Лондон ба ҳисоб рафта, дар шаҳрҳои Амстердам, Дублин, Мадрид, Милан, Париж ва Прага намояндагиҳои худро дорад. Саҳҳоми ягонаи СМВК Европа лтд Сумитимо Митсуи Корпорэйшен Япония мебошад.

Дар интиҳои мулоқоти судманд ҷонибҳо якдилона ба мувофиқа омаданд, ки барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаи самаровар лоиҳаи эъломияи ҳамкориро омода ва дар наздиктарин фурсат ба имзо мерасонанд.

Хадамоти матбуоти  
БМТ




Возврат к списку