Шарҳи тағйирот дар сиёсат ва амалияи муайян кардани қурби хариду фурӯши долл. нақди ИМА

Бойгонии ахбор
24.10.2015

Шарҳи тағйирот дар сиёсат ва амалияи муайян кардани қурби хариду фурӯши долл. нақди ИМА

Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади тавзеҳи тартиби нави муқаррар кардани қурби хариду фурӯши долл. нақди ИМА дар бозори дохилӣ, чунин итиллоъ медиҳад.

Қайд кардан зарур аст, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муайян кардани қурби хариду фурӯши долл. нақди ИМА дар даврае зарур шуда буд, ки нуқтаҳои мубодилаи асъори шахсони воқеъи аз ноустувории бозор ва қурби асъор суистифода карда, бо мақсади ҳар чӣ зиёдтар ба даст овардани фоида, беасос қурби фурӯши долл. нақди ИМА-ро баланд мебардоштанд.

Вазъи бозорҳои ҷаҳонӣ феълан таҳти фишор қарор дошта, ба лапишҳои қурбӣ рӯ ба рӯ мегарданд ва дар ин замина бонкҳои марказии онҳо сиёсати пулию қарзӣ ва асъории худро тибқи вазъияти ба амал омада, тағйир дода истодаанд.

Дар робита ба ин, вазъи имрӯзаи бозори асъори ҷумҳурӣ ба куллӣ аз вазъияти дар моҳҳои марту апрели соли равон ҷойдошта, фарқ мекунад. Нуқтаҳои мубодилаи асъори шахсони воқеӣ баста шуда, амалиёти мубодилавӣ дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ танҳо ба воситаи муассисаҳои ташкилотҳои қарзӣ анҷом дода мешаванд. Дар айни замон, вазъи бозори дохилӣ устувор буда, тағйирёбии қурб муътадил арзёбӣ мешавад. Гузариш ба тартиби нави муқаррарсозии қурб тадриҷан сурат гирифта, ташкилотҳои қарзӣ бо назардошти тағйирёбии қурби расмии сомонӣ нисбати долл. ИМА, бояд қурби хариду фурӯши нақдии онро мустақилона барои муассисаҳои худ муайян намоянд. Вобаста бар ин, ташкилотҳои қарзӣ метавонанд мустақилона қурби фурӯши долл. нақди ИМА-ро аз қурби расмӣ то ба андозаи 1,5 (якуним) фоиз муқаррар кунанд.

Барои мисол, рӯзи душанбе, 26.10.с.2015 қурби баландтарини фурӯши долл. нақди ИМА набояд аз 6,7076 сомонӣ барои 1 долл. ИМА (6,6085+1,5%=6,7076) зиёдтар бошад.

Ҳадаф аз ҷорӣ кардани механизми нави муқаррарсозии қурби асъори нақдӣ, пеш аз ҳама, кам кардани фарқияти байни қурбҳо, пешгирӣ кардани фарқияти назарраси даромади амалиётҳои ҳаннотӣ, ба танзим даровардану таъмини шафофияти фаъолияти мубодилавии муассисаҳои ташкилотҳои қарзӣ ва тадриҷан гузаштан ба низоми қурби ягонаи мубодилавӣ мебошад.

Хадамоти матбуоти  
БМТ




Возврат к списку