Ҳаҷми содироти мол афзуд

Бойгонии ахбор
26.10.2015

Ҳаҷми содироти мол афзуд

Тавре аз маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ҳаҷми содироти мол дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ маблағи 683,6 млн. долл. ИМА-ро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли қаблӣ 4,3 млн. долл. ИМА ё 0,6 фоиз зиёд аст.

Дар баробари ин, ҳаҷми воридот дар давраи ҳисоботӣ 2 475,3 млн. долл. ИМА-ро ташкил намудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ 691,4 млн. долл. ИМА ё 21,8 фоиз кам аст.

Хадамоти матбуоти  
БМТ




Возврат к списку