Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи касбии кормандон, таъмини ботадриҷи самаранокии фаъолияти бонк дар чаҳорчӯба ва идомаи ислоҳоти сохторӣ имрӯз, 27 октябри соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон даври якуми Озмун барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ баргузор гардид.
Барои иштирок дар озмун ҳамаи довталабон – зиёда аз 400 нафар, ки дар муҳлати муайяншуда ба Идораи кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ҳуҷҷат супорида буданд, ширкат варзиданд. Тибқи талабот ва шарту шароити тасдиқшуда, даври якуми озмун ба таври хаттӣ (санҷиши тестӣ) гузаронида шуд.
Дар даври аввали озмун барои дар маҷмуъ муайян кардани сатҳи дониши назариявии довталабон саволҳои санҷиши тестӣ аз мисолу масъалаҳои соддаю на он қадар душвор тартиб дода шудаанд. Даври дуюми озмун бошад, тариқи суҳбат баргузор гардида, довталабоне, ки аз даври якум бомуваффақият гузаштаанд, ба он роҳ дода мешаванд.
Қайд кардан зарур аст, ки довталабоне, ки дар ҷараёни супоридани санҷиши тестӣ ва суҳбатҳои минбаъдаи озмун дониши баланд, малакаи хуби касбӣ ва идоракунӣ нишон медиҳанд ва соҳиби таҷрибаи зиёд ва бенуқсони корӣ мебошанд, бо пешниҳоди Комиссияи озмун ва дастгирии роҳбарият ба вазифаҳои баландтар ва масъулиятнок таъйин карда мешаванд.
Хадамоти матбуоти
БМТ