Муаррифии барномаи «Auto Audit» дар БМТ

Бойгонии ахбор
29.10.2015

Муаррифии барномаи «Auto Audit» дар БМТ

28 октябри соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон таҳти сарпарастии муовини якуми Раиси бонк Нуралиев Ҷ.К., ва иштироки мутахассисони хадамоти аудити дохилии ташкилотҳои қарзии мамлакат бо намояндагони ширкати Thomson Reuters мулоқоти корӣ баргузор гардид. 

Изображени 01012 012_resize.jpg

Қайд кардан зарур аст, ки баробари пеш рафтани дастовардҳои илму техника ва истифодаи он дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти давлатҳои пешрафтаи дунё, талабот ва ҳавасмандӣ ба омӯзиш ва дар амал татбиқ навовариҳо дар самти автоматикунонии амалиётҳои фаъолияти хадамоти аудити дохилӣ аз ҷониби ташкилотҳои молиявии ҷумҳурӣ ба миён омадааст.

Мулоқоти имрӯза маҳз бо ҳамин мақсад ташкил шуда буд ва дар назди ҷамъомадагон бо муаррифии мукаммал дар бораи барномаи «Auto Audit» мудири минтақавии оид ба рушди фаъолияти филиали ширкати Thomson Reuters дар шаҳри Москва Эдуард Кан ва мудири минтақавӣ оид ба тиҷорати филиали ширкати номбурда дар шаҳри Москва Сергей Николаев баромад намуданд. 

Изображени 01012 002_resize.jpg

Намояндагони ширкати Thomson Reuters, ки бо хизматрасониҳо ва маҳсулотҳои босифати худ дар аксари давлатҳо маълум ва машҳур мебошад, зимни муаррифии фаъолияти ширкат иброз доштанд, ки барномаи «Auto Audit» аз ҳисоби ба роҳ мондани идораи босифату пай дар пай ва шаффофи аудити дохилӣ, ташкили бонизоми кори аудити дохилӣ ва коҳиш додани таъсири омили инсонӣ, баланд кардани фарҳанги хавфи идорӣ ва сатҳи идораи корпоративӣ дар бонк метавонад барои зиёдтар кардани самаранокии кор шароити мусоид фароҳам орад.

Дар ҷараёни вохӯрӣ намояндагони ташкилотҳои қарзии кишвар ҳамчунин тавонистанд ба дилхоҳ саволҳои худ оид ба муҳлат ва истифодаи барномаи мазкур дар дигар давлатҳо, тарафҳои мусбӣ ва манфии он, то чӣ андоза такмил ёфтани лоиҳаи мазкур дар солҳои охир ҷавобҳои мушаххас гиранд.

Хадамоти матбуоти  
БМТ



Возврат к списку