Мулоқот бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ

Бойгонии ахбор
29.10.2015

Мулоқот бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ

Дар мулоқоти роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо ҳайати намояндагии Бонки ҷаҳонӣ таҳти сарварии сариқтисодчии Идораи минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи марказӣ Ханс Тиммер, ки имрӯз, 29 октябри соли ҷорӣ баргузор шуд, шарҳи рушди иқтисодӣ дар Аврупо ва Осиёи марказӣ, ноустувории болоравии иқтисодӣ дар ин минтақаҳо ва дурнамои таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаи ин ташкилоти молиявӣ бо Бонки миллӣ муҳокима гардиданд.

Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо оид ба таҳлили нархҳои нефт, қурбҳои воқеӣи мубодилавӣ, зарурияти мутобиқ шудан ба воқеияти нави нархҳои пасти нефт ва таъмини чораҳои мақсаднок барои дастгирии ичтимоии аҳолӣ мубодилаи афкор намуданд. 

aks1.jpg

Дар робита ба ин мавзуъ муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нуралиев Ҷ.К.,иттилоъ дод, ки бо назардошти ба эътидол омадани вазъи бозори хариду фурӯши долл. нақди ИМА ва бо мақсади ба низоми қурби ягонаи мубодилавӣ гузаштан, бо дастури Бонки миллӣ қурби хариду фуруши долл. нақди ИМА аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ муқаррар карда мешавад.

Номбурда таъкид кард, ки мақсад аз ҷорӣ кардани механизми нави муқаррарсозии қурби асъори нақдӣ, пеш аз ҳама, кам кардани фарқияти байни қурбҳо, пешгирӣ кардани фарқияти назарраси даромади амалиётҳои ҳаннотӣ, ба танзим даровардану таъмини шаффофияти фаъолияти мубодилавии муассисаҳои ташкилотҳои қарзӣ ва тадриҷан гузаштан ба низоми қурби ягонаи мубодилавӣ мебошад. 

aks 2.jpg

Оид ба ҷанбаҳои мусбӣ ва манфии гузариши зина ба зина ба қурби ягонаи мубодилавӣ, таъмини фаъолияти муназзаму босуботи бозори дохилии асъор ва муътадилии қурби пули миллӣ Ханс Тиммер ва аъзои дигари ҳайати Бонки ҷаҳонӣ андешаҳои худро баён карданд.

Дар қисмати ҷамъбастии мулоқот тарафҳо ба хулосае омаданд, ки дар ояндаи наздик барои дастгирии ичтимоии аҳолӣ ва ҷоннок намудани фаъолияти бозори молиявии ҷумҳурӣ тарҳҳои наву ояндадорро таҳия ва пешниҳод хоҳанд кард.

Хадамоти матбуоти  
БМТ



Возврат к списку