Бо мақсади сари вақт иҷро намудани дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар, маҳдуд намудани гардиши ғайрирасмии асъори хориҷӣ ва таъмини муътадили рушди низоми бонкӣ, имрӯз, 30 октябри соли равон Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо масъулини Идораҳои амалиётии бонкҳои кишвар мулоқот доир намуд.
Тавре дар ҷараёни вохӯрӣ Раиси Бонки миллии Тоҷикистон изҳор дошт, бо вуҷуди он ки дар нуҳ моҳи соли равон назар ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми амонатҳои ҷалбшудаи аҳолӣ, бақияи умумии қарзҳо дар ташкилотҳои қарзӣ мутаносибан ба андозаи 30 фоиз ва 24 фоиз зиёд шуданд, шумораи арзу шикоятҳои мардум оид ба паст будани сатҳи фарҳанги хизматрасонӣ, аз ҷониби кормандони бонкҳо эҷод кардани монеаҳои сунъӣ ҳангоми кор бо муштариён ба Бонки миллӣ ворид мешаванд. Ҳол он ки ҳанӯз, 5 майи соли ҷорӣ Дастури Бонки миллии Тоҷикистон оид ба роҳ мондани қабули пурраю бе мамонияти пасандозу амонатҳои аҳолӣ ва таъмини сифати баланди хизматрасонӣ ба ташкилотҳои қарзӣ ирсол гардида буд.
Барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани хизматрасониҳои бонкӣ ва беҳтар анҷом додани амалиётҳо бо асъори хориҷӣ дар айни замон дастури иловагии Бонки миллии Тоҷикистон таҳия шуда истодааст ва он дар рӯзҳои наздик ба ташкилотҳои қарзӣ ирсол мегардад.
Дар идомаи ҷаласа ҳамчунин дар бораи дастури нави Бонки миллии Тоҷикистон дар мавриди аз ҷониби ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ мустақилона муқаррар шудани қурби харид ва фурӯши долл. нақди ИМА сухан рафт. Ҷамшед Нурмаҳмадзода аз намояндагони ташкилотҳои қарзӣ талаб намуд, ки қурби харид ва фурӯши долл. нақди ИМА бо назардошти вазъи бозори дохилӣ ва мақсаду вазифаҳои сиёсати пулию қарзӣ ва асъории давлат дар доираи тартибу қоидаҳои санадҳои меъёрию ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, муқаррар ва амалӣ намоянд.
Илова бар ин, бо мақсади таъмини суботи молиявӣ, боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ, қонуният ва роҳ надодан ба ҳолатҳои дахолати беасос ба фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ дар шароити буҳрони иқтисодӣ, аз ташкилотҳои қарзӣ, ҳангоми санҷиши онҳо аз ҷониби мақомоти назоратӣ, махсусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, риояи қатъии талаботи моддаи 48 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” (оид ба пешниҳоди ҳуҷҷатҳо, маълумотҳо ва маводҳои дорои сирри бонкӣ) талаб карда мешавад.
Хадамоти матбуоти
БМТ