Мулоқот бо сармоягузорони Қатар

Бойгонии ахбор
02.11.2015

Мулоқот бо сармоягузорони Қатар

Масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд ва истифода аз имкониятҳои сармоягузории бонкӣ дар Тоҷикистон дар мулоқоти муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Умед Латифов бо муовини Мудири Раёсати рушди соҳибкории Созмони сармоягузории Қатар Муҳаммад ал-Муслим ва таҳлилгари молиявии Хазинаи рушди Қатар Султон Аҳмад ал-Усайрӣ муҳокима гардиданд.

Latifov_1.jpg

Дар ҷараёни вохӯрӣ зимни баррасии имкониятҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ – гидроэнеогетика, канданиҳои фоиданок , бахши молиявӣ ва саёҳат қайд гардид, ки барои ба таври мушаххас муайян ва ҳаллу фасл намудани лоиҳаҳои маблағгузорӣ бояд намояндагии ин ду ташкилоти бонуфузи Давлати Қатар дар Тоҷикистон кушода шавад.

Latifov_2.jpg

Дар робита ба ин, Умед Латифов диққати меҳмононро ба пешниҳоди Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи таъсиси намояндагии Хазинаи сармоягузории Қатар дар Тоҷикистон ҷалб намуд. Номбурда таъкид намуд, ки аз ҷониби Қатар ташкил намудани Хазинаи сармоягузорӣ дар ҷумҳурии мо метавонад дар самти дастгирӣ ва маблағгузории лоиҳаҳои хурду миёнаи саноатӣ дар бахши хусусӣ саҳми босазо гузорад.

Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо иброз доштанд, ки барои таҳкими ҳамкориҳои самаровар ва ба таври васеъ истифода бурдани имкониятҳои сармоягузорӣ таҳия ва имзои Эъломияи ҳамкорӣ зарур аст.

Хадамоти матбуоти  
БМТ



Возврат к списку