Шарҳи умумии дурнамои иқтисодӣ, таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва масъалаҳои дигари мавриди назари ҷонибҳо имрӯз, 9 ноябри соли равон дар мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати нави намояндагии ХБА оид ба Тоҷикистон таҳти роҳбарии ҷаноби Пол Росс, ки бо ташрифи нахустин ба Душанбе омадааст, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар оғози мулоқот Ҷамшед Нурмаҳмадзода меҳмононро бо вазъи феълии иқтисодӣ ва ичтимойи ҷумҳурӣ шинос намуда, иброз дошт, ки сарфи назар аз ноустувории нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонии ашё, хавфҳои молиявӣ ва низоъҳои геосиёсӣ, раванди рушди иқтисодиёти кишвар дар нуҳ моҳи соли равон тамоили нисбатан муътадилро соҳиб гардид. Дар ин давра Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 33,6 млрд. сомонӣ баробар шуда, рушди воқеии он 6,4 фоизро ташкил намуд. Сатҳи таваррум дар нуҳ моҳ 3,6 фоизро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,1 банди фоизӣ кам гардид. Қобили қайд аст, ки ҳаҷми сандуқи қарзӣ ва амонатҳои ҷалбшуда дар ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ назар ба соли гузашта ба андозаи чашмрас афзуданд.
Роҳбари ҳайати намояндагии ХБА оид ба Тоҷикистон ҷаноби Пол Росс зимни мулоқот масъалаҳои рушди геосиёсии минтақавӣ ва таъсири он ба Тоҷикистон, сиёсати пулӣ ва асъорӣ, инкишофи бахши молиявӣ, назорат ва идораи бонкҳоро ба таври муфассал таҳлил ва баррасӣ намуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамчунин дар мавриди таҳияи Барномаи махсуси ХБА оид ба Тоҷикистон ва зарурияти расонидани кӯмаки техникӣ фикру андешаҳои худро иброз доштанд.
Дар интиҳои суҳбат Ҷамшед Нурмаҳмадзода ба ҳайати намояндагии ХБА барои дастгирии доимии Тоҷикистон аз ҷониби ин ташкилоти молиявии байналмилалӣ миннатдорӣ баён намуд.
Хадамоти матбуоти
БМТ