Фаъолияти ҳафт ташкилоти қарзии хурд қатъ карда шуд

Бойгонии ахбор
16.11.2015

Фаъолияти ҳафт ташкилоти қарзии хурд қатъ карда шуд

Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» ва бинобар иҷро накардани талаботи Дастурамали №197 “Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзии хурд”оид ба таъмини андозаи ҳадди ақалли сармояи воқеӣ, бо қарорҳои навбатии худ аз 13 ноябри соли равон фаъолияти ҶДММ ТҚХ “Хубҷамъ”, ҶДММ ТҚХ “Хазинаи Сомониён”, ҶДММ ТҚХ “Саодат сармоя”, ҶДММ ТҚХ “Кайёниён”, ҶДММ ТҚХ “Дӯстком”, ҶСП ТАҚХ “Дафтари молиявӣ” ва ҶСП ТҚХ “Барҳақ”-ро бо дархости онҳо оид ба барҳамдиҳии ихтиёрӣ қатъ гардонид.

Дар робита ба ин, қайд кардан бамаврид аст, ки сатҳи миёнаравии молиявии ташкилотҳои зикршуда тайи чанд соли охир дар бозори молиявии ҷумҳурӣ коҳиш ёфта буд.

Мутобиқи қарорҳои боло иҷозатномаҳои ин ташкилотҳои қарзии хурд, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ дода шудаанд, бозхонд карда мешаванд.

Ба замми ин, мақомоти ваколатдори ташкилотҳои қарзии хурди зикршуда вазифадор карда шуданд, ки барои анҷом додани расмиёти барҳамдиҳии ихтиёрӣ ва ҳисоббаробаркунӣ бо қарздеҳони ташкилотҳои қарзӣ комиссияи барҳамдиҳиро таъсис диҳанд. Комиссияҳои барҳамдиҳӣ уҳдадор гардидаанд, ки ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳисоботи тавозунӣ ва дигар маълумоти заруриро пешниҳод намоянд.

Хадамоти матбуоти  
БМТ



Возврат к списку